БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Забон пояи асосии ҳастии миллат аст!!!

ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи ичроияи ХХДТ дар нохияи Вахш бахшида ба Рӯзи иди Забони тоҷикӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №56-и  ноҳия чорабинии фарҳангӣ  бо ҳузури раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов ва  кормандони шуъбаи маориф инчунин, хонандагони муассисаи номбурда  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур хонандагон бо ҳисси баланд дар васфи забони тоҷикӣ, шеърҳо қироат намуда,  бо саҳначаҳову рақсҳои ҷолиби худ ба аҳли толор ғизои маънавӣ доданд.                                        

Инчунин,  қайд карда шуд, ки ҳамасола  5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил карда мешавад. Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдор ва таҳкими давлати миллӣ, мақом ва нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ. забони миллат  ҳамчун  бунёд  ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Забони модарии мо баъд аз қабули Қонуни забон ва махсусан дар даврони Истиқлолият ба таври бесобиқа густариш  ёфта, беш аз пеш нақшу мақом ва манзалати хешро  ба ҳайси забони давлатии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам менамояд, ки ин аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg