БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: Осудагии рӯзгори мардум мақсади асосии мост!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади тақвияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал  дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар маҳаллаи Маданияти ҷамоати деҳоти Маданият чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Алиев Зафар ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола суханронӣ намуда, дар қисми сиёсии чорабинӣ оид ба дастовардҳои 27 соли соҳибистиқлолии кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз даст надодани зиракиву сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, сафарбар кардани ҷавонони синни даъвати ба хизмати Ватан-Модар, пеш аз хонадоршавии навҷавонон аз муоинаи тиббӣ гузаронидани онҳо ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ва кишоварзони деҳаи мазкур маҳсули дастони хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg