БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҳизби созанда ва муҳаррики пешбаранда дар Тоҷикистон

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таъмини об” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабини мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев В оид ба мафҳуми “экстремизм” ва “терроризм”, сабабу омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайванданд, мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон аз он баромад намуд.

Дар вохури қайд карда шуд, ки бо барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва фанои ҷанги сард низоми нави ҷаҳонӣ ташаккул ёфта, тақсимоти нави ҷаҳон ба миён омада, дар арсаи байналмилали муносибатҳои давлатҳои абарқудрат  оиди тақсимоти ҷаҳон хело тезу тунд гардидаанд. 

Бо истифода аз ин барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҷониби гуруҳҳои ифротгаро  ҳама гуна усулҳо, аз ҷумла усулҳои экстремистиву террористи васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гуна гуруҳҳо даст ба амалҳои ғайриқонуни зада, тавассути зӯрӣ “ҳал намудани масъалаҳо”- ро ихтиёр намудаанд. Дар гӯшаю канори гуногуни олам қариб кишваре ва ё минтақаеро дарёфт намудан мумкин нест, ки аз амалҳои террористи ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Махсусан дар даҳсолаи охир терроризм дар шаклҳои бадтарин зуҳур гардида, бештар даҳшатнок гардидааст.

Инчунин, оид ба ҳодисаи нангине, ки санаи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст, яъне  ҷавононе, ки ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуда, боиси марги 4 нафари онҳо гардиданд, сухан карда, ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки ин амали гурӯҳи террористоне мебошанд, ки фирефтаи хоҷагони зархарид гардида, ҳоло ҳам мехоҳанд, ки Тоҷикистони ободу хуррамро ҳамчун макони осебпазир ба ҷаҳониён нишон диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg