БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об асоси ҳастии инсону ҳама мавҷудоти рӯйи замин аст!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонки шаҳр” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳоров Искандар ва  мудири шуъбаи кор бо занон Ҳакимова Волида иштирок намуданд.

Масъулин оид самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ фикру ақидаи худро иброз намуда,   дар идома оид ба Даҳсолаи байнанмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  ба сухан баромада қайд карданд, ки об дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тозагӣ, ки зери ин истилоҳ мафҳумҳои поки, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, кӯдакони ноболиғу сару либос ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад, ба об вобастагӣ дорад.

Ҳамаи инсонҳо чи марду чи зан чи кӯдакон вазифадоранд, тозагиро ҳамчун воқеияти аввалиндараҷа қарзи асосии инсониашон шумурда, ҷомеа, маҳал, оилаи хешро ҳамеша тозаву озода нигаҳдор бошанд. Тоза нигоҳ доштани оби кулу дарёҳо асоси ҳастии инсону ҳамаи мавҷудоти рӯй замин ва аз ҳама рукни муҳим аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg