А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб ва иҷроиши босифати ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Шеробод»-и деҳаи Шеробод бо сокинон вохӯрӣ гузарониданд.
Дар вохӯрии мазкур масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карданд.
Дар охир суханрониҳои масъулинро сокинон нисбати роҳандозии Аксияи ҳизбӣ дастгирӣ карда, иброз доштанд, ки кӯшиш менамоем дар ободии маҳали зист саҳми арзанда гузорем.