БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомеаи солим боигарии давлат аст

ҲАМАДОНӢ. Тибқи накша-чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази бемориҳои тропикӣ”-и ноҳияи Ҳамадонӣ вохӯрӣ доир гардид.

 Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорзода иштирок дошта,  дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суханронӣ карда, қайд намуд, ки бемориҳои сироятӣ аз се омили асосӣ таркиб ёфтаанд, манбаи сироятӣ (одам ё ҳайвони сироятёфта), ноқили ангезанда, одами ба сироятҳассос мебошад.

Ба пайдоиши бемориҳои сироятӣ гуруснагӣ,  ғизои номунтазаму якхела, камвитаминӣ, хастагӣ ва дигар омилҳо метавонад мусоидат намояд.  

Дар охир ба аъзои ташкилоти ибтидоии «Маркази бемориҳои тропикӣ» маводҳои таблиғотӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg