ПАНҶ. Дар муассисаи таълимии №25-и ноҳияи Панҷ бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ таҳти унвони «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо...» бо ҳайати омӯзгорони ин даргоҳи илм сурат гирифт.
Мардуми маҳал, ки асосан аз ду миллат, тоҷику ӯзбек иборатанд, ва ҳамзамон дар ин муассиса дарсҳо бо 2 забон гузаронида мешаванд. Нахуст вохӯриро сарвари муассисаи таълимӣ Абдуллоев Талбӣ кушода, оид ба ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбати омӯзгорон ва дастовардҳои 27 соли соҳибистиқлолии кишвар гуфта гузашт.
Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Файзиев Каримҷон ба сухан баромада, вобаста ба сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки санаи 18 августи соли 2018 доштанд, ибрози андеша намуд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳо 26 санади нави ҳамкорӣ баста шуданд, ки ба ривоҷу тараққиёти ду кишвар мусоидат менамоянд. Натиҷаҳои мулоқоти сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои таҳкиму тавсеи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамкории нек арзёбӣ гардиданд.
Ҳамзамон, оид ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, ки 15 сентябри соли равон баргузор гардид қайд шуд. Чанде аз омӯзгорон низ оид ба масъалаи мазкур андешаҳояшонро баён дошта, ин тадбири хирадмандона ва далеронаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ намуданд.
Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Шомаҳмадзода Музаффар оид ба фаъолияти ХХДТ ва нақши он дар пешрафти ҷомеа баромад намуд.