БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Забони тоҷикӣ меъроси бузурги ниёгони некноми мост!

БОХТАР. Дар маркази  вилояти Хатлон- шаҳри Борхтар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  Аксияи  ҳизбӣ таҳти унвони «Забони модарии мо яке аз муқаддасоти миллӣ ва яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ!»  доир гардид.

Дар он зиёда аз 730 маводҳои таблиғотӣ ба ҷавонон, омӯзгорону кормандони ташкилоту муассисаҳо  дартрас карда шуданд. Аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Бохтар ба онҳо фаҳмонида шуд, ки миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор дорад ва бо ин ҳама арзишҳои фарҳанг то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда ва бо воситаи забон шинохта шудаанд.

Аз ин рӯ, мо бояд ин забонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg