БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ–ҳизби роҳнамои шаҳрвандон ба ояндаи дурахшон

Ҷ.БАЛХӢ. Хониши сиёси дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Амонобод”  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид  бо кормандон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмадсаид дар назди ҷамъомадагон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизби таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», сафарбар  кардани ҷавонони синни даъвати ба хизмати Ватан-Модар баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди анъанаҳои неки ниёгон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ба хотири паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ дар партави Аксияву озмунҳои ҳизбӣ ҷиҳати боз ҳам пешрафтаву зеботар гардидани  Ватани азизамон –Тоҷикистон андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg