ВОКУНИШ. Дар урфият мегўянд, ки беҳтарин инъом ин бахшида тавонистан ва узр пурсидан мебошад. Дар ҳадисе омадааст, ки беҳтарин неъмати дунё ин оромӣ ва сулҳ буда, шахсе, ки талош ба ин амалҳро иҷро мекунад бештар савоб мегирад.
Дар ҳамин росто қайд кардани ҳастам, ки соли 1997 бо талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва собиқ мухолифин Аҳдномаи истиқрори сулҳ баста шуд.
Минбаъд ба хотири бузургдошти ин сана 27-уми июн Рўзи Ваҳдати миллӣ иди расмии Тоҷикистон қайд карда мешавад. Дар тўли солҳои 1997 то 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро созмони ҷамъиятии бонуфуз ба қайд гирифта дар доираи қонунгузорӣ ваколату ҳуқуқҳои кониститутсионии онҳоро таъмин намуд.
Дар солҳои сипаригаштаи фаъолияти ҲНИ, ки айни ҳол мо онро ҳамчун Ташкилоти экстремистиву террористӣ шинохтаему тасдиқ гардидааст, дар ҳаёти Тоҷикистон доимо мушкилотеро эҷод мекарданд, ки шарҳи онро ҳама медонанду ҳоҷат ба баён нест.
Саркардагони Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ худро ташаббускори тарафдорӣ, оромуву оштии миллӣ ҳисобида дар байни мардум худашонро фидоии миллати тоҷик муаррифӣ кардаанд, вале дар асл каждуми зери бурё ё қувваи сияҳкоре буданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба созмонҳои ҷамъиятӣ фаъолиятро дар доираи риояи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озоду ошкоро муайян намудааст. Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ доираи парастишии кабул кардаи муассисони созмонро риоя нанамуда, даст ба хиёнат заданд. Ин созмони ҷамъиятӣ бо давлати Тоҷикистон аҳду паймон бастанду вафо накарданд.
«Таърих гувоҳ аст, ки хиёнаткоронро на қонун мебахшаду на ҷомеа».
Агар ба фаъолияти ТЭТ ҲНИ назар афканем, маълум мегардад, ки ин ташкилот аз аввал хислати экстремистиву террористӣ дошта, асоси онро идеологияи инсонбадбинӣ, таҳаммулнопазирӣ ва фашистӣ ташкил медиҳад.
Ҷаҳонбинии наҳзатиҳо бар пояи тасаввуроте шакл гирифтааст, ки худашон онро ҳамеша ҳақикати мутлақ меҳисобанд ва дигаронро бадандешу ноҳақ мешуморанд. Бар асоси идеологияи наҳзатӣ бояд дигарандешро кушт ва дар роҳи куштани дигарон худро низ фидо кард.
Аз расонаҳо огоҳ шудем, ки ТЭТ ҲНИ дар Варшава бо се ташкилоте, ки худашон бо номҳои гуногун бо таврӣ сунъӣ сохтаанд паймон бастаанд.
Дар доираи ақли инсонӣ намеғунҷад, ки Аҳдномаи қолабиашонро аз хоинии худ нашармида намоиш додаанд, ки бисёр хандадор буд .
Тоҷикистон имрўз заҳмату талошҳои мардумро ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд таҳти сиёсати хирадмандона ба роҳ мондааст.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошанд».
Пешгирӣ намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ҷинояткорӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва Ҳукумат мебошад.
Тазакур бояд дод, чаро гуруҳҳои «Оппазитсионӣ»-и ҳизби наҳзати ислом аз даст доштан дар ҷиноятҳо ба созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ муроҷиат намекунанд. Аъзои ин гуруҳҳои хурд дар хориҷ кишвар бо маблағхои муфт ба бозичаҳои дасти хоҷагони хориҷии худ мубаддал гаштаанд дигар имконияти баргашт надоранд. Ногуфта намонад, ки ғарибӣ ғарибӣ аст барои чи инро онҳо дарк намекунанд.
Ақли солимро истифода намуда гуноҳу айбдоии худро иқрор карда аз халқи Тоҷикистон узрхоҳи намояд, беҳтар аз он, ки дар ғарибӣ ҷон ба сахти медиҳанд...
Фазои сулҳу суббот, ки имрўз дар тамоми ҳудуди кишвар танинандоз аст, шаҳодат аз нишонаи дурусти сиёсати давлат мебошад. Ба ҷавонону насли наврас муроҷиат менамоям, ки ба қадри дастовардҳои замони истиқлолият бояд расид.
Ва аз суханони бузургон ба саркардагони паймонча чунин гуфтани ҳастам
Сад бор бадӣ кардиву шарму ту наёмад,
Некӣ чӣ бади дошт, ки як бор накардӣ?
Содиқова Меҳрубону Раҳмоналиевна - узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони Халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ