ВОКУНИШ. Ман Ҷонмаҳмадов Абдулло вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳавзаи №10, узви гуруҳи вакилии ҲХДТ мебошам. Ба амалҳои нопоки шумо хоинони давлати Соҳибистиқлоли Тоҷикитон ман нафрати беандоза дорам. Шумо аъзо ва саркардагони ҳизби назҳати ислом ва гуруҳи-24 террористу экстремист ҳастед. Бо амалҳои ба ном исломи хурофотиатон мардуми бегуноҳро азобу шиканҷа додед, барои пули ҳароми хориҷиҳоро гирфтан мардуми мусалмононро фиреб дода тоҷиконро аз дур истода ба ҳар гуна ташвиқоти гуруҳҳои худатон ҷалб мекунед ва гумроҳ сохта истодаед, ки ин тирест бе нишон.
Роҳбари ТЭТ ҲНИ, ки бинобар фаъолиятҳои ифротию терорристи аз соли 2015 фирори аст дар ҷаъмомади САҲА дар шаҳри Варшава нашармида бо дигар ҷинояткороне, ки ҳаммаслакони онҳоянд, дигар созмонро ташкил намуда раиси ТЭТ ҲНИ- Муҳиддин Кабири лухтакҳои дигарро бо номи Али Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом барин бозичаҳоро ҷамъ намудааст ва аз дигар ҷой истода Тоҷикистони биҳиштосоямонро санги маломат мезанад, ки мо дар ҷавоб гуфтанием, ки хоинони миллат шумо на ватан доред на имон афсус бе падару бе модаред.
Ҳеҷ вақт ба ин мақсадҳои зиште, ки шумо нисбати Тоҷикистон доред намерасед. Шумо ба ивази маблағҳои хоҷагонатон ақидаҳои нодурусти бегонаро сарф карда истодаед, ҳайф бод ба шумо хоинони миллат.
А.Ҷонмаҳмадов-узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони Халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ