БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАЙРАНГҲОИ НАВИ ТЭТ ҲНИ САРОСАР ИФРОТИ ТОЗА МЕБОШАНД!

ВОКУНИШ. Вазъи сиёсии дунё имрӯз ба он далолат мекунад, ки бисёре аз кишварҳои олам дар ҳолати нигаронӣ аз воқеҳои сарзада перомуни ДИИШ ва фаъолияти он мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро, ки аксари аҳолии онро мардуми мусулмон ташкил медиҳад, аз ин ҳодисоту воқеаҳо бетараф гузошта наметовонад. Аз ин рӯ, мувофиқи дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳторҳои кудратӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар холати омодагӣ карор доранд. Аз як тараф васоити ахбори омма ва аз тарафи дигар зиёиёну равшанфикрон дар роҳи нишон додани симои аслии ТТЭ ҲНИ, ДИИШ ва оқибатҳои маргвори амалиётҳои онҳо ба мардум хизмати арзандае карда истодаанд. Зеро идеяҳои ин ду ташкилоти террористи экстремистӣ ба кишварҳои гирду атрофе, аз он ҷумла бо Тоҷикистони мо низ, роҳ ёфта, ҷавонони беҳабарро ба доми худ кашида, барои анҷом додани амалу кирдорҳои ғаразноки худашон  истифода бурдан аст.

Вазъи сиёсии кишвари мо айни ҳол ором аст, вале баъзе моҷарову ихтилофҳо миёни ҳизбҳои сиёсию давлат метавонад ин вазъиятро ноором созад. Аз ҳамин рӯ, гирифтани пеши роҳи онҳо, нуқта гузоштан ба фаъолияти он вазифаи ҳукумат ва мардуми бедордил мебошад.

Пӯшида нест, ки ТТЭ Ҳизби Назҳати Ислом аз рузҳои аввали фаъолияташ сиёсати душманона ва ғаразнокро пеша карда, дар сафҳои худ одамони аз давлату миллат норози, шаҳсони ҷиноятпеша ва ё ба экстремизм майлдоштаро гирд оварда, ҳар сари ҷанд вақт дасисае ё иғвоеро дар фазои сиёсии кишвар роҳандозӣ мекунад.

Аксари мардуми бошарафи тоҷик медонад, ки ҷанги шаҳрвандони Тоҷикистон дар асри гузашта маҳз бо дасисаю хокимиятҳоҳии гурӯҳе аз ба ном ҳомиёни дини мӯбини ислом сар зада буду оқибатҳои фоҷиаборе ба сари кишвар рехт. Вале чун оромию сулҳу вахдат дар кишвар барқарор шуд, гуруҳҳо дар фикри таъсиси ташкилоте ба монанди ТТЭ ҲНИТ шуданд ва онро ташкил карда, ниятҳои худро хостанд бо роҳи демократӣ амалӣ намоянд. Интихобоҳои парлумони ва президенти нишон доданд, ки мардуми бошарафи тоҷик алақай симои хақиқии ин гуруҳро шинохта буданд ва ТТЭ ҲНИТ дар овоздиҳи соҳиби ҷое нашуд.

Пас саволе ба миён меояд, ки чаро ин ҳизб, ки худро пуштибону пешвои мардуми мусулмон тоҷик меҳисобад, аз тарафи ҳамин мардуми мусулмон дастгирӣ наёфт? Ҷаро мусулмонони кишвар наҳостанд, ки ягона ҳизби исломи ба парлумон роҳ ёбад?

Ҷавоби ин саволҳо ба фаъолияти роҳбарон ва баъзе аз нимчаммуллоҳои аз ислом бехабар вобаста аст. Роҳбарияти ҳизб ба умеди ҳоҷагони хориҷии худ шуда, ҳостанд дар ҳама ҷо намояндагони худро дошта бошанд ва ба боигариҳои моддию маънавии кишвар соҳиб шаванд. Дар баъзе мавридҳо аз вазъияти корупсионии кишвар истифода бурда, ба ин муваффақ ҳам шуданд, вале дер напоиданд.

Фаъолияти баъзе мулоҳҳои чаласавод обрӯю нуфузи начандони ҳизбро тамоман барҳам заданд. Мардум, ки дар симои онҳо ҳомиёни динро медиданд, пас аз шиносои бо фаъолияти онҳо натанҳо аз онҳо балқи аз ҳизб низ рӯ тофтанд. Шайх Темуру пайравонаш, фолбину ҷодугарҳои зиёд ва амсоли инҳо тавонистанд, ки бунёди ин хизбро дар кишвар батамом суст кунанд.

Имрӯз роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабири, ки дар хориҷи кишвар қарор дорад, ба ину он беасосу беҳуда шиква мекунад, ки гуё сари ӯ фишор меоранду атрофи онҳо иғво меангезанд. Аммо Қабири боре аз худ намепурсад, ки дар инқадар муддати роҳбариаш ҷи навигарие барои мардум кард? Ҷи пешниҳодоти ҷолиб барои рушду нумуи кишвар кард? Ҳатто роҳи зодгоҳашро дуруст накард, ки худаш метавонист оромона ба аёдати наздиконаш равад.

Латифзода Хушрафтор- Узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg