БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мебояд ТЭТ ҲНИ аз ҳар гуна амали душманона нисбати Ватану миллати тоҷик даст кашида, мардуми ноогоҳро низ ба чунин рафтор ҳидоят накунад.

ВОКУНИШ. Ҳанўз солҳои охири побарҷо будани давлати Шўравӣ ҳизбу ҳаркатҳои гуногуни сиёсии иртиҷоии хусусияти  маҳалгароиву дингароидошта дар кишвари  мо арзи вуҷуд карда буданд, ки ҳар кадоме аз он гурўҳҳо талош  доштанд ба ҳар роҳу воситае набошад қудрати сиёсиро дар даст биёранд.  Гурўҳи аз ҷиҳати  ақидавӣ ба ҳам мухолиф таҳти фишори маблағгузорону хоҷагони хориҷиашон барои аз харитаи ҷаҳон нест кардани Тоҷикистон бо ҳам муттаҳид шуда, ТЭТ  ҲНИТ-ро созмон доданд.

Намояндагони ҳарду гурўҳ дар байни мардум ошкорову пинҳонӣ  ақидаҳои мазҳабии бегонаро таблиғу ташвиқ карда, дар аксар мавридҳо таълимоти  мазҳаби ҳанафиро танқид карда, гоҳе ҳатто куфр мехононанд. Ҳолатҳои  зиёде  буданд, ки руҳониёни асили  мазҳаби ҳанафӣ аз мақсадҳои ғаразноки онҳо воқиф гашта, таблиғотчиёни наҳзатиро шармандавор аз маъракаҳо ронандаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳи тоҷикон ба ҳама талаботи ҳизбиёни наҳзат розӣ шуда,  ба мухолифин дар  ҳама сохторҳои давлатӣ вазифаҳои баланд доданд. Қарор шуд, ки  гуноҳи ҳамагон бахшида шавад, то ин ки Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат ва фонишавӣ баромада, ба сўи ободиву таррақиёт қадам монад.

Низои анъанавии суннӣ ва шиа дар сатҳи байналмилалӣ дар  оянда метавонад афзоиш ёбад. Зеро ду давлат меҳварии ҷаҳони ислом – ҶИЭ ва Арабистони Саудӣ барои даст ёфтан ба қудрати сиёсии минтақа бо истифода аз ин ду фирқа мубориза мебаранд. Вале ба пиёда сохтани ин ормонҳои худ мушарраф намешаванд.  Чунки он ба манфиати давлатҳои қудратманде, ки дар ҷаҳони ислом манфиатҳои геопалитикӣ доранд, мухолиф нест. Ба ин давлатҳо  низои ин ду қуррати минтақавӣ дар заминаи шиаю суннӣ зарур аст, то ки ба ин восита заиф шаванд ва ғалабаи яке аз тарафҳо ба манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ нест.

Дар Тоҷикистон бошад, фирқаи шиа, махсусан шиаи исноашарӣ заминаи иҷтимоӣ надорад. Исмоилиҳо бошанд як  гурўҳи динии маҳдуд буда, бо шиаи исноашарӣ ихтилофи ақидавӣ доранд ва аз онҳо пайгирӣ намекунанд. Зиёда аз ин, исноашариҳо исмоилиҳоро нағз намебинанд. Исноашариҳо бештар хусусияти арабгароӣ доранд, ки хоси исмоилиҳо нест. Ягона хавфи бархўрди шиаю суннӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ҲНИТ имконпазир буд, ки  имрўз мардуми кишвар фаҳмиданд ва ҲНИТ низ дигар имконияти тарғиби шиагарорӣ надоранд.

Аммо бояд масъулону пайравони ҲНИТ, ки дар Туркия ва кишварҳои дигар қарор доранд, бояд дуруст дарк созанд, ки ғуломи зархариди хоҷагони хориҷӣ будан, бозичаи дасти неруҳои бегона будану ҳадафҳои онҳоро бар хилофи манфиатҳои ватану миллати худ хиёнаткорона ба ҷо овардан оқибати бадтарин дорад. Ин тоифа бо анҷом додани амалҳои нангину нопоки мазкур ҳамчун як гуруҳаки манфуру хиёнатпеша дар назди ҳамватанон ва ҳам хориҷиён шинохта мегарданд. Ҳатто худи ҳамон хоҷагонашон ҳам ба инҳо эътимод нахоҳанд дошт.

Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки масъулини ташкилоти терористии ҲНИТ аз ҳар гуна амали душманона нисбати Ватану миллати худ даст кашида, пайравонашонро низ ба чунин рафтор ҳидоят намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз ба қатори кишварҳои рў ба тараққӣ дохил шудааст. Ҳамин оромию озодии кишвар як бойгарии нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши шабонарўзии Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  кишварамон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба даст омадааст.

Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Орипов Бегичон-узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg