БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Коррупсия -падидаи хатарзо ба рушди устувори давлат!

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии навбатӣ миёни аъзои ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия» перомуни самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вобаста ба мавзӯъи «Чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок” бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насимахон Ғаффорова доир гардид.

Насимахон Ғаффорова зимни вохӯрӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия» аз хатарҳои коррупсия ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки коррупсия ҳамчун зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва яке аз унсурҳои таҳдиткунанда ба амнияти миллӣ, халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоиву иқтисодии давлат буда, ба рушди устувори давлат монеъа шудашанаш аз имкон дур нест.

Ҳамчунин, дар рафти суханронии хеш аз Паёми  Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда қайд намуданд, ки хатарҳои ба рушди устувори давлат монеъшаванда ва ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонанда, коррупсия ва ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд мебошанд. Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg