ТЕМУРМАЛИК. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳаи Давади ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимов баргузор гардид.
Бо вуҷуди дар гӯшаи дурдасти ноҳия мавқеъ доштани деҳаи номбурда вохӯрӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор гардида, фаъолнокии мардуми деҳотро нисбати сиёсати Пешвои миллат ва ҲХДТ собит сохт.
Зимни вохӯрӣ нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ кард.
Сипас бо иштирок ва фарогирии ҳунармандону кишоварзони моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои кишоварзон дар сатҳи баланд ташкил карда шуд, ки аз ин намоишгоҳ ҳамагон дидан намуданд.
Раҷабзода Маҳмадсаид ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои кишоварзони маҳал, ки воқеан ҳам дар сатҳи баланд ташкил карда шуда буд, баҳои баланд дод.