ВОСЕЪ. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ва сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Давлаталӣ Қурбоналӣ бо кормандони ҷамоати мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Сафарова Ҳафиза оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, амалӣ намудани Оиннома ва Барномаҳои ҳизбӣ ибрози ақида карда, ҳамзамон оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани аъзои ҳизб ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, Давлаталӣ Қурбоналӣ оид ба вазъи молиявӣ ва беҳтару хубтар намудани он аз ҳисоби аъзои ҳизб сари вақт супоридани аъзоҳаққи ибрози ақида намуд.