БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳо бо сокинони маҳаллаи Хлобкароби ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пахтакор” намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳудуди маҳаллаи мазкур Бузмаков Шералӣ  доир карда шуд.

Дар чорабинии фаҳангӣ Бузмаков Шералӣ атрофи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» суханронӣ кард.

Баъдан Абдулҳаев Маҳмадсаид дар бораи огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар мубориза бо онҳо бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, дар қисмати фарҳангӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии чирадастони маҳаллаи Хлобкароб аз наздик шинос шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg