БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тамоми ҳунармандони мамлакатро рӯҳбаланд намуд

КӮЛОБ. Дар маҳаллаи “Роҳи оҳан” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби сокинон ва ҳунармандони маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер аз намоиши ҳунарҳои сокинони маҳалла, ки ба маърази тамошо гузошта буданд, дидан карда, сипас дар суханронии худ қайд намуданд, ки ин рӯйдоди муҳим ва фараҳбахш ширкатҳои сайёҳӣ, ассотсиятсияву созмонҳои соҳавӣ ва тамоми ҳунармандони мамлакатро руҳбаланд намуда, ин иқдоми Пешвои муаззами миллат аз ҷониби аҳли ҷомеа бо хушнудӣ пазируфта шуд. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб нақша-чорабиниҳои мукаммал таҳия карда, бо мақсади ҷалби мардум ба ҳунарҳои аҷдодии хеш, бедор кардани завқи зебоипарастӣ дар замири ҷавонону наврасон ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон дар доираи он як қатор чорабиниҳои сатҳи маҳалро миёни ҷомеа баргузор карда истодааст. Ва ин иқдом то охири соли равон роҳандозӣ карда мешавад.

Дар охир  миннатдории самимии худро ҳунармандони маҳалла ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамаҷониба дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg