Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” кулли ҷавонони сарбаланду баномуси кишварро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ – забони ширини тоҷикӣ, ки бо шири модар ба ҷисму ҷони мо ворид шуда, миёни ҷаҳониён муайянкунандаи ҳуввияту асолатии миллии мо гаштааст, табрику муборакбод мегӯяд.
Мо ҷавонони зодаи Истиқлолият хушбахт аз он ҳастем, ки ниёгони бонангу ори мо бо ҳифзу гиромӣ доштани забон ва покиза нигоҳ доштани арзишҳои волои он осори бузурге ба меърос гузоштаанд, ки ин ифтихори мо миёни тамоми мардуми дунёст.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Ёдгориҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ маҳз ба воситаи забони шево ва пурғановати тоҷикӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расида, дастраси оламиён гардидаанд, ки ин ҳам боиси ифтихори ворисони ин тамаддуни қадима ва ҳам масъулияти бузурги онҳо дар назди гузашта ва имрӯзу оянда мебошад”.
Воқеан ҳам, мо имрӯз дар баробари ифтихор намудан аз забондориамон, ҳамчунин масъулияти бузургеро дар ростои ҳифзу гиромӣ доштан ва ташаккул додани забони тоҷикӣ ба души худ дорем. Мо ҷавонон бояд пайваста дар хотир дошта бошем, ки маҳз бо шарофати пойдории забони миллиамон тавонистем ба худшиносии миллӣ даст ёбем ва билохира Истиқлолияти сиёсиро соҳиб гардем. Ҳамзамон, фаромӯш насозем, ки ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият аз ҳифзи арзишҳои миллӣ, хоса забони модариамон сарчашма мегирад.
Ҷавонони сарбаланди Тоҷикистон – созандагони боэътимоди ояндаи давлату миллат! Биёед сарбаландона ва бо масъулияти баланди ватандорӣ аз ин имтиҳони бузурги таърихӣ гузашта, забони тоҷикиро ҳамчун забони оламшумул ба ояндагонамон ба мерос гузорем. Биёед забони модариро чун шири сафеду меҳри гарми модар дар рагу пайванди худ парварда, қарзи фарзандиамонро дар назди модарони миллат содиқона адо намоем.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш Шӯрои Марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бори дигар фарорасии ин санаи муҳимми таърихиро муборакбод гуфта, ба ҳамаи Шумо дар роҳи ҳифзи арзишҳои забони тоҷикӣ нангу ғурури баланди миллиро таманно дорад.
Рӯзи забони давлатӣ фархунда бод!
05.10.2018, шаҳри Душанбе