БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи наҳзатиёни курдил низ мисли босмачиҳо омӯзгорон ва равшанфикронро зинда оташ задан аст

ВОКУНИШ. Ҳолати кунунии ҷаҳони имрӯза аз ҳар як инсони худогоҳу ватансоз тақозо менамояд, ки дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ беш аз ҳарвақта камари ҳиммат бандад. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳифзи дастовардҳои истиқлолиятро ба сифати ғояи миллӣ муайян карданд.

Ба ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ҳимояи асолат, забон, расму ойин, ва фарҳанги миллӣ низ марбут аст. Дар шароити имрӯза як зумра наҳзатиёни лаънатӣ, ки ҳанӯз солҳои навадум кӯшиши буғи кардани Истиқлолияти давлатиро доштанд, дигарбора кӯшиш доранд бо тарғиби фарҳангу андешаи бегона ва ба низоъу тафриқа овардани миллати тоҷик пояҳои Истиқлолияти давлатиро заиф созанд. Бояд гуфт, унсур ё воситаи муҳим дар мубориза бар зидди тероризм ва дигар намудҳои тахрибкорӣ фаҳанги миллӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши таълиму тарбия ва тарғиби фарҳанги миллиро омили асосии рушди давлатдорӣ ва наҷоти миллат меҳисобад. Зеро танҳо инсонҳои соҳибмаърифату худшинос, дорои алоқи неку фарҳанги воло метавонанд ҳувияти миллии худро ҳифз намоянд, яъне таълиму тарбия заминаи устувор дар тарбияи ахлоқианд ва онҳо дар ташаккули насли наврас ҳамчун шахсияти комил ба воя расидан нақши муҳим доранд. Ғановати маънавӣ дар ташаккули шахсият бештар аз сарватҳои моддӣ арзиш дорад.

Омӯзиш ва парвариши руҳияи илму фарҳанг (аз ҷумла фарҳанги техникӣ) дар насли ҷавони ҷомеаи имрӯза бояд ба суннати миллӣ табдил ёбад, вагарна дар ояндаи начандон дур шоҳиди фоҷиаи бузурги инсонӣ, фарҳангситезӣ ва фурӯ рехтани пояҳои ахлоқии ҷамъият хоҳем шуд, ки мақсади ниҳоии наҳзатиёни лаънатӣ ҳам ҳамин аст. Муҳим аст, ин талошҳо, ки мо барои баланд бардоштани сифати зиндагии ҳаррӯзаи худ мекунем, бояд дар ахлоқи суннатии миллатамон сурат бигиранд.  

Дар ҳақиқат инсон дар ҳамаи марҳила ва пояи илму дониш ҳамеша ба панду насиҳати пирон ва солеҳон ниёзманд аст. Ба ҳар ҳол пастию баландии ин зиндагӣ хоҳу нохоҳ дар руҳияи инсон осоре мегузорад. Маъмулан, агар ӯ аз панду насиҳати насиҳатгарон дур шавад, баъд аз ба худ омадан мебинад, ки бисёре аз хислатҳои инсониро аз даст додааст ва ба ҷои онҳо як силсила сифатҳои ҳайвониро касб кардааст. Сифатҳои ҳайвоние, ки як гуруҳ пайравони гумроҳи наҳзатӣ доранд. Албатта сабаби ин ҳама дигаргуниҳо камтаваҷҷуҳӣ ба панди омӯзгорону насиҳатгарон мебошад. Расман ин қонуни ахлоқии рафтор тавассути он табақае аз насл ба насл интиқол дода мешавад, ки маъмулан онҳоро “рӯшанфикр” (зиёӣ) меноманд. Агар дар миёни наҳзатиён лоақал як равшанфикр мебуд, ҳеҷ гоҳ аз замони ҷаҳолати босмачиён ба тавсиф ёд намекарданд. Босмачиёне, ки омӯзгоронро дар майдон зинда оташ заданд. Солҳои навадум низ ҳамин наҳзатиёни бехираду торикдил буданд, ки нони омӯзгорро ҳаром мегуфтанд.

Инсони рӯшанфикр пеш аз ҳама бояд дорои дониши фарогир, ҷаҳонбинии васеъ ва бомаърифат бошад. Осори адабии ниёгони хеш ва ҷаҳонӣ, мусиқии классикӣ ва муосирро хуб донад, андешаҳояшро озод баён созад, андешаи дурусти дигаронро эҳтиром гузорад ва масъулиятнокии худро ҳифз намояд.

Дониши инсон ҳангоме метавонад барояш муфид бошад, ки аввал худи ӯро ислоҳ кунад ва баъд аз он метавонад барои дигарон дарси ибрат гардад. Баръакси ҳол, на танҳо вайро огоҳӣ намедиҳад, балки ӯро ба гумроҳии мутлақ мекашад ва дар натиҷа, монанди касе хоҳад буд, ки ба истилоҳ аз чуқурие берун ояду боз ба чоҳе афтад. Бинобар ин лозим аст, ки ҷавонон ҳушёр бошанд, то дучори нақшаҳои ҳилагарони гумроҳкунандаи гуногун, хусусан наҳзатиён нашаванд.Чунон ки Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буд: “... Ҷавонони мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд”.

Муҳаммад Ҳиҷоз менависад, ки “ҷавонӣ шуъбае аз девонагист”, ё дар урфият мегуянд, ки:

 Дар ҷавонӣ тавба кардан нашъаи пайғамбарист,

 Гурги золим вақти пирӣ мешавад, парҳезгор.

Албатта, гарчанде ки ҷавонӣ як давраи фаромӯшнашавандаи ҳаёт мебошад, набояд аз такопуҳои зиндагӣ дур рафт, чаро ки ончи ки бо мост ва дар мост ин тақозои замон аст. Аз он дурӣ ҷустан, узлат ихтиёр кардан ҳам аз рӯи одамият нест, чунки бо замона ҳамқадам будан ин сифати зотии (ирсӣ) инсон аст. Чунон ки муаллимони инсоният мегӯянд: “Онон ки ба кунҷи узлат мехазанд ва аз ҳаёҳуи муҳит мегурезанд, рози вуҷуд ва фалсафаи офаринишро намедонанд. Бархезед домани ҳиммат бар занед, бикӯшед ва зиндагиро ба по доред, монанди зиндабагӯрон худро дар кунҷи узлат дафн накунед ва ҳаргиз аз Худованд нахоҳед, ки шуморо аз зиндагӣ ба канор барад”.

Дар фарҷом, сухани Пешвои миллатро ба хотир меоварем, ки қайд намуда буд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд». Бояд ҷавонони имрӯза сазовори ин бовариҳои Пешвои миллат бошанд ва дар ҳамаи амалу рафтори хеш ботаҳаммул ва боандеша бошанд.

Аҳадов Шамсулло Файзуллоевич – узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон, муовини Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg