![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/%D0%A4%D0%B0%D1%85%D1%80%D0%B8%D0%B4%D0%B4%D0%B8%D0%BD%20%D0%A8%D0%B0%D0%BC%D1%81%D0%B8%D0%B4%D0%B4%D0%B8%D0%BD%D0%BE%D0%B2%D0%B8%D1%87.jpg?itok=5CKWrZsV)
ВОКУНИШ. Ман Ғафуров Фахриддин Шамсиддинович-узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳавзаи №27 нисбат ба ташкилӣ эътилофи наве ба номи «Паймони миллии Тоҷикистон» чунин фикру андеша дорам, ки аъзои он мазҳаби падариашонро бо риёлҳои охундҳои салакалону морҳои айнакдорӣ онҳо иваз карда фурухтанд. Мардуми Тоҷикистон соли 2015 наҳзатро дар паи ошубҳои мусаллаҳонаи моҳи сентябри он сол бо роҳбарии Ҳоҷи Ҳалими хоин, ки мехост кишварро бесубот гардонад бештар шинохт. Ҳоло наҳзатиёни лаънатӣ Ватани азизамонро тарк карда, ҳамчун сагони дайду дар хориҷа улос мекашанд. Дар суханрониаш Кабирии ватанфӯрушу мазҳабфурушӣ сиёсӣ гуфтааст: «Ин қадами аввал барои муборизаи ҷиддӣ пайгирона ва дастаҷамъона барои расидан ба як ҷомеа озод аст».
Ҳой бефаросат! Як бор солҳои 1991-1997 мубориза бурда Тоҷикистонро бо Нурию Ғозӣ, Умаралӣ, Бедак, Ризвону Ҷаггаҳоят вайрону валангор кардӣ, ҳазорҳоро сарбуридию ба даҳонашон асвалтӣ ҷӯшон рехтӣ, гурезаю дарбадар кардӣ, боз 4.09.2015 ба мубориза бархестию хости тоҷиконро ба ғуломҳои ҳалқабаргуши хоҷагонат табдил диҳӣ, долларҳои онҳоро хурдиву сахт фиребашон кардӣ, боз дум ликонда ба ин аҳволи беобурӯю шармандаворат доди «Озодӣ», «Истиқлолу», «Ҷомеаи озод» мезанӣ!? Марг ба ту эй бевиҷдон!
Тоҷикистон имрӯз истиқлоли комил дораду бо 126 кишвари дунё равобити дӯстӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ. Мо аз озодӣ ҳаққи ҳарф задан дорем, ки кай хоҳем шабу рӯз ба Зарафшону, Суғд, Бадахшону Панҷ, Рашту Ҳисор меравем. Марҳамат меҳнат куну рисқу рӯзиятро ёб. Ҳеҷ гоҳ хушомади шиаҳои Эронро, ки имрӯз дастгирии куллӣ ташкилотҳои террористии ба ном исломӣ гаштааст, намезанем. Фаҳмидаем, ки дар ҳар либосе худро ҷилва диҳӣ ту ҳамон лухтаки дасти хоҷагонӣ ва тавре хоҳанд туро бозӣ медиҳанд.
Ғафуров Фахриддин Шамсиддинович-аъзои гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ