БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қонунҳои миллӣ эҳёкунандаи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷомеа мебошанд

ПАНҶ. Ҷиҳати амалӣ намудани ҷадвали баргузории вохӯриҳо дар маҳаллаи 16-солагии Истиқлолияти ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо аъзо ва фаъолони ҳизб хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимни ин чорабинии сиёсӣ, ки таблиғкунандаи ғояҳо ва  ҳадафҳои созандаи  ҳизб  ва  Сарвари он мебошад, аз тарафи масъулин баромадҳо карда шуд.

Аввалан, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон  суҳбат сурат гирифт.

Баъдан,  оид ба Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар барои масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, ки мавзӯъи  суҳбат интихоб гардида буд, андешаронӣ  гардид.

Қайд шуд, ки ҳадаф аз қабули қонуҳои муҳими давлатӣ танзими ҷашну маросимҳо ва дар заминаи  ин баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагии сокинони кишвар, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ буда, самараи неки худро аллакай ба бор овардааст. Аз ҷумла, дар суханрониҳо оид ба баргузории бештари ҷашну маросимҳо дар муҳити оилаҳо, ки  он ба мустаҳкам кардани  сатҳи оилавӣ кӯмак мерасонад,  қайд карда шуд.

Қонунҳои мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg