БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ бо ҳадафҳои созандаву бунёдкоронааш дар ҷомеа нуфузи бештар пайдо кардааст

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии

Тоҷикистон  дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар деҳаи Яхшор бо сокинон

атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва

эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ

доир намуданд.

Вохӯриро раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон кушода, дар назди ҷамъомадагон оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои  “Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал”, Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ, ки  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  мавзеъҳои саёҳӣ ва ҷойҳои тамошобод дорад, андешаронӣ намуда, ҳамагонро ба корҳои созандагиву ободонӣ, бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват кард.  Баъдан Назаров Пулод вакили ҷамоат дар деҳаи болозикр   ба сухан баромада, вобаста ба пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастиву бегонапарастӣ,  дар доираи қонунҳои миллӣ анҷом додани тӯю маъракаҳо,  тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстиву ватансозӣ, сафарбар ва ҷалби ҷавонони синни даъвати ба хизмати Ватан-Модар  андешаронӣ карда, аз иштирокдорон  баҳри дар амал татбиқ намудани  сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амл овард.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg