БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нест бод терроризми мардумфиребу хатарзо!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун миёни аъзои ташкилоти ибтидоии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидимологӣ»-и ноҳия вохӯрии судманди ҳизбӣ перомуни мавзуъи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода, доир гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ Фарҳод Обидов атрофи мавзуъи болозикр муфассал суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ҷавонони имрӯзаи мо аз таълиму тарбияи ростӣ ба каҷфаҳмию тундравӣ пайравӣ намуда, баъзе аз фарзандони сокинони ноҳияи мо бошад аз сустиродагӣ фирефтаи ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ шуда, аз муҳоҷирати меҳнатии Русия тариқи давлати Туркия ба хоки ҷангзадаи Сурия гузашта, ба дигар ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил гардидаанд. Маҳз таблиғоти бардурӯғи моҷароҷӯёни ифротӣ аст, ки ҷавононро бо бо усули мағзшӯӣ, ақли онҳоро коста мегардонанду шомили ҳаргуна ташкилотҳои террористӣ экстремистӣ месозанд.

Аз ин рӯ, мо тоҷикистониёнро месазад, ки ҷиҳати пешгирии гаравиши ҷавонон ба дигар ҳизбу ҳаракатҳои тунрави динӣ-мазҳабӣ дар таълиму тарбияи насли наврас бетараф набошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg