БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешрафту тараққиёт ва ҳаёти ҳушбахтона аз тарбияи дурусти идеологӣ вобаста аст

ХОВАЛИНГ. Дар асоси ҷадвали баргузориҳои суҳбату хонишҳои сиёсӣ бо иштироки мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолиддин  Қаюмов  дар деҳаи Зелолаки ҷамоати деҳоти Шукнов дар байни мардум оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат доир карда шуд. Ҷ. Қаюмов дар баромадаш оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан ронда, диққати аҳли нишастро ба тарбияи ахлоқӣ ва донишомӯзии фарзандон ҷалб намуд.

Гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, ба амалҳои ҷинояткорона, террористӣ ва экстремистӣ даст задани онҳо аз бетаваҷҷуҳии падару модар нисбати тарбияи фарзанд сарчашма мегирад қайд гардид.

Мавсуф дар бораи амали террористии дар роҳи Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба амал омада сухан ронд. Барои доиркунандагони ин ҷинояти мудҳиш Ватан, миллат ва ҳатто падару модар, зану фарзанд қадру қиммате надорад. Ин гурӯҳ ҷавонон хеле зудбоваранд. Дар як лаҳза ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд.

Агар мо,  падару модарон фарзандони худро дар руҳияи ахлоқи ҳамида, ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба таърих ва фарҳанги пурғановати миллат тарбия намоем, ба муассисаи таълимӣ алоқаи доимӣ дошта бошем аз фарзанди худ дилпурем, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ба фарҳанги бегона майл наменамояд, аз хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ сарпечӣ намекунад.

Баъди баромади Ҷ.Қаюмов чанде аз сокинони маҳалла собиқадори ҳизб

Р.Мирзоев, Г. Сафолова, Ш. Набиев баромад намуда, пешрафту тараққиёт, ҳайёти хушбахтонаи миллатро ба таълиму тарбия вобаста донистанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg