ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулшан» хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гарид.
Дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Шаҳбози Искандар ва Раҳмонов Далер иштирок дошта, дар назди иштирокдорон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, моҳияти муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва аҳамияти шарикии стратегӣ бо ин кишвар, сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар мулоқоташон ба роҳбарону фаъолони вилоят ибрози андеша намуда буданд, суҳбат оростанд.
Ҳамчунин, оид ба истифодаи дурусту самараноки заминҳои киштшаванда, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар руҳияи ватандӯстию хештаншносӣ, илмомӯзӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон андешаронӣ намуданд.
Дар охир иштирокдорон дар масъалаи тарбияи ахлоқии ҷавонон ва ҷиҳати ҳалли мушкилии оби ошомиданӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулшан дархости кӯмак намуданд.