БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ боиси фаровонии дастурхони сокинон мегардад

ТЕМУРМАЛИК. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба  ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал бобати  баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  дар деҳаи Маъмурдашти ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрии нақшави кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинон баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот нахуст  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид дар  мавзӯъи самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, натиҷаҳои нахустин сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуд.

Сипас бо иштирок ва фарогирии ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ташкил  карда  шуд, ки маҳсулоти тару тозаи  деҳқонони асил ба ҳусни намоишгоҳ ҳусни дигар зам карданд.

Дар охир Раҷабзода Маҳмадсаид ва  раиси  ҷамоати деҳоти номбурда Асоев Ҳабибулло ба созмондиҳандагони намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg