БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик миллати бофарҳангу тамаддунофар аст

НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии “Айнӣ”-и маҳалаи Энергетик, “Баҳор”-и кӯчаи Баҳор, “Сомонӣ”-и кӯчаи Сомонии шаҳри Норак бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода  чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ  баргузор гардид.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарманд ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон бо хушнудӣ пазируфта шуданд.

Зимни вохӯрӣ Қумриниссо Глмуродзода  дар назди ҷамъомадагон  оид ба рушди ҳунарҳои  мардумӣ ва корҳои хонагӣ, сафараи кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” андешаронӣ карда, инчунин дар идома озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” мавриди баррасӣ қарор дод.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg