КУШОНИЁН. Вохӯрӣ навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мардуми хунарманди деҳаи Янгиюли ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Абдуллоев Мирвоҳид ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло иштирок намуданд.
Масъулин зимни иштирокд дар вохӯрӣ қайд каранд, ки дар руҳияи мардум тақвият додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, дар роҳи дуруст тарбия кардани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба давлати азизамон-Тоҷикистон мо дар ин самт диққати махсусро равона намудаем.
Иқдоми ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як тараф ба аз нав эҳё намудани анъанаҳои неки ниёгон бошад, аз ҷониби дигар тарбия намудани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгонамон ба онҳо мебошад, то ин ки ҳунарҳои аҷдодонамонро аз худ намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Занони ҳунарманди деҳа маҳсули дастони хешро ба намоишгоҳ гузоштанд, ки ҳамагон аз тамошои ҳунарҳои мардумӣ ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.