БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зери ғояҳои созандаи ҳизб ба натиҷаҳои назарас ноил хоҳем гашт

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бойторӣ» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Бойторӣ» Саидов Фаттоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ Валиева Саъбагул баромад намуда, гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз хатарҳои терроризм ва ифротгароӣ ба ташвиш овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки нисбати ин масъала ҷиддӣ муносибат карда, дар ин росто  муборизаро шаддидан идома дода истодааст. Ва мардуми тоҷик  нисбати фиреб хӯрдани баъзе аз ҷавонони содаву гумроҳ  назарҳои мухталиф дошта, шомилшавии ҷавононро қатъиян маҳкум месозад. Кормандони масъули ҲХДТ барои пешгирӣ аз ин хатарҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро мунтазам идома дода, дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони худ баҳри расидан ба ҳадафу мақсадҳои нек кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дар фарҷом роҳбари ташкилоти ибтидоӣ  Саидов Фаттоҳ иброз дошт, ки мо зери ғояҳои созандаи ҳизб дар якҷоягӣ ва сарҷамъӣ фаъолияти пурсамар намуда, ба натиҷаҳои назарас ноил хоҳем гашт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg