БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади тарғиби урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ дар деҳаи Пакалаи ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳия чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин иштирок намуда, аз дастовардҳои ҳунармандони деҳаи Пакала дидан карданд.

Дар чорабинӣ ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуда буданд, ки ҳамагон аз дидани намоишгоҳ як ҷаҳон таасуроти нек бардоштанд.

Абдуллоев Ваҳобиддин ҷиҳати самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, афзуд, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки “Сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад”. Ҳамин тавр дар заминаи таҳлили имкониятҳои мавҷуда ва баёни таклифҳо иброз доштанд, ки “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаҳои сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад”.

Дар охири вохӯрӣ аз иштиркчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо меҳнати ҳалол дар ободонии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg