БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Матбуот чашму гӯши халқ аст!

 ДӮСТӢ Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули он дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Матбаа» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Ҳадаф аз баргузории хониш сиёсӣ боз ҳам баланд бардоштани дониши сиёсии кормандони ин ташкилот ва дар якҷоягӣ бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни мардум ба шумор мерафт. Масъулин зимни баромад қайд намуданд, ки Матбаа чун ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ба чопу нашри рӯзномаи ноҳиявии  «Паёми Дӯстӣ», ки ба мардуми шарифи ноҳия хизмати маърифатӣ мерасонад машғул аст. Аз тарафи масъулин ба сармуҳарири рӯзномаи мазкур дастур дода шуд, ки минбаъд ҳар ҳафта маводҳои ҳизбиро низ дар саҳифаҳои рӯзнома инъикос намояд. Зеро Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар паҳлуи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  буда,  дар пешбурди сатҳи рӯзгори мардум ва баланд бардоштани ахлоқи шаҳрвандон саҳмгузор мебошад. Сармуҳарир Сайдаҳмад Ҳасонов суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳар иқдоме, ки аз тарафи Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонӣ роҳандозӣ мегардад, мо онро ҷонибдорӣ намуда, дар маҳал дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ тарғибу ташвиқ  месозем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg