Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи нақшаи тасдиқгардида дар самти шинохти фарҳанг имиллӣ дар маҳаллаи Айни ҷамоати деҳоти Навобод бо сокинон бо як ҳисси баланди миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор намуд.
Ҳунарҳои миллӣ натанҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳангӣ- маънавии замони муосир маҳсуб меёбанд.
Дар чорабинии мазкур ҳамаи сокинон саҳми босазои худро гузоштанд. Ҷавондухтарон низ бо нақшу нигори чакандӯзӣ, арӯс бо либоси миллӣ, қуроқдӯзӣ, мӯйбофӣ, занони рӯзгордида бошад бо хӯрокҳои миллӣ, шакароб, қурутоб, отала, қалама ва намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки аз бобову бибиҳо ба меърос мондаанд ва дигарон бо рақсу сурудҳои дилнишин дар баргузории чорабинӣ саҳм гузоштанд.