ВОКУНИШ. Перомуни мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва экстремизм, алахусус бар зидди наҳзатиёни хоину лаънатӣ ман Пирова Зуфнун узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо интихобкунандагони худ вохӯри гузаронида қайд намудам, ки гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро тайи солҳои охир ҷаҳонро ба такон оварда, боиси нигаронии оламиён гаштаанд. Дар вазъи мураккаб ҳар як фарди ҷомеаро ҳушёрии сиёсӣ, мафкураи устувор, дарки баландӣ ватандӯстонаву худшиносии миллӣ зарур аст. Ин паразитҳо аз бемориҳои марговари ВИЧ/СПИД-у саратон ҳам хавфноктаранд.
Баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҷавонон, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳаракату гурӯҳои тундгарову экстремистӣ, равияҳои бегона, инчунин дар самти пурра баргардонидании ҳамватанон аз кишварҳое, ки дар онҳо задухурдҳои мусаллаҳона ва низоъҳои диниву мазҳабӣ ҷараён доранд. Дар деҳаҳо, муассисаҳои таълимии ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо дар байни аҳолӣ, хусусан ба ҷавонону наврасон, хонандагон суҳбату вохӯриҳоро зуд-зуд гузаронидан ва онҳоро ҷиҳати эҳтирому ҳифз намудани арзишҳои миллию давлатӣ, содиқ будан ба миллату ватани худ раҳнамун сохтан мебояд.
Бояд қайд намуд, ки ифротгароӣ моли ягон дин нест ва буда ҳам наметавонад. Танҳо барои руйпуш намудани амалҳои зиштӣ худ, террористон, алалхусус Кабирию пайравонаш (ТЭТ ҲНИ) динро ҳамчун ниқоб истифода мебаранд.
Бояд ҷавонони мо такя ба таърих, фарҳанг ва таммадуни худ намуда, барои пешгирии хатарҳои нави ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, ки ба зиндагии осоишта ва сулҳу суботи ҷомеа таҳдид менамояд, воқеаъбинона муносибат намоянд.
Пирова Зуфнун-узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ