КУШОНИЁН. Дирӯз бо сокинони деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол чорабинии ҳизбӣ гузаронида шуд, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва дигар шахсони расмӣ аз вилоят, ки дар ноҳия вобаста ба омодагии ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ масъул ҳастанд, иштирок намуданд.
Дар баробари андешаронӣ Сатторова Мунаввара атрофи ҳодисаи фоҷиабору нангини гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки бо фармоиши ТЭТ ҲНИ дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара даст заданд, ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуд.
Дар охир иштирокдорон амали сангину нанговари гурӯҳи авбошони ҳайвонсиратро, ки наҳзатиён намехоҳанд Тоҷикистони мо ободу рушд ва зиндагии мардум орому осуда бошад, қотеъона маҳкум карда, ба ҳамлаи қотилон нафрат хонданд.
Инчунин, иброз карда шуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар гардида, сокинонро зарур аст нақши худро дар корҳои созандагиву ободкорӣ бо ҳамдилӣ ҳиссагузорӣ намоянд.