БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал аз ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротӣ огоҳанд

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи Ӯзбекободи ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмадсаид оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ кард. Ҳар як сокини бонангу номуси кишварро мебояд, ки барои пойдории пояҳои Истиқлолияти давлатӣ пайваста мубориза барад. Зеро ҳастанд қувваҳое, ки Истиқлолияти давлатии миллати тоҷикро чашми дидан надоранд. Он вазифаҳое, ки барои ҳифзу нигаҳдорӣ ва рушду такомули давлати тозаистиқлоли тоҷикон зарур аст, дар бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври возеҳ баён гардидааст. Иҷрои саривақт ва босифати самтҳои мазкур ҳаёти осоиштаи моро таъмин менамояд.

Ба ҳозирин зарурат ва аҳамияти сарфаю сариштакорона истифода намудани қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, мақсаду мароми ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва роҳҳои мубориза ба терроризм ва экстремизм, зарар ва оқибати бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, нашъмандию нашъаҷалобӣ, истифодаи ғайримақсаднок аз технологияи муосир, шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумиро бо овардани мисолҳои ҳаётӣ ба онҳо фаҳмонид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg