БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти ҳунармандӣ дар деҳот

ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ воқеъ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Куҳдоман” озмунҳои ҳизбӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Озмуни ҳизбӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳри тақвият бахшидани иртибот дар маҳал таҳти унвони «Армуғони Халтонӣ» ва «Тарроҳи беҳтарин» вусъат ёфта, дар он маҳорату малака ва дастранҷи заҳмати духтарони ӯзбектабор, аз қабили қуроқдӯзӣ, қолинбофӣ, попурӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва дигар намудани ҳунармандӣ ба  маърази намоиш гузошта шуданд.

Қайд намудан зарур аст, ки мардуми ӯзбектабори минтақаи 20-солагии Истиқлолияти ноҳия  аз солҳои қаблӣ  то ин дам маҳорати худро дар ин ҷода аз насл ба насл идома дода истодаанд.

Қушоқова Саломатхон бо шогирдони худ маҳз дар ин сол онҳо маҳорати худро ҳамаҷониба сайқал дода,  маҳсулоти омоданмудаашонро пешкаши меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ мегардонанд. Аз ин ҳисоб рӯзгори худ ва аҳли оилаашонро беҳбуди бахшида истодаанд.

Чорабинии мазкурро масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Навкаров Сановбаршо баҳри баҳогузорӣ ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои мувофиқ доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg