![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/viber%20image%D0%BA%D0%B0.jpg?itok=7zrDFDIO)
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и ноҳия дар деҳаи Ҳусеншайхи ҷамоати деҳоти Корез хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Корез Идиев Ҳокималӣ иштирок дошта, доир ба мавзӯъҳои рушди тафаккури сиёсии шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, созандагиву ободкорӣ ба хотири сазовор пешвоз ва таҷлил намудани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар ин росто масъулин озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои “Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал”, “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, “Армуғони хатлонӣ”, “Тарроҳи беҳтарин” мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамагонро барои иштирок дар озмунҳои номбурда даъват карданд.