![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180928_161105.jpg?itok=mxriCHlj)
ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «Маркази хизматрасонӣ дар хона» бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева хониши сиёсӣ доир гардид.
Зимнан Гулрухсор Мирзоева оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ғамхори бечорагону барҷомондагон мебошанд ва ҳамеша дастгирӣ онҳо ҳастанд.
Дар пайравии он мо низ якҷоя бо шумо дастгири барҷомондагону беморонем ва дар ҳама гуна шароит ба муҳтоҷон дасти ёрӣ дароз менамоем.