БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ- посдории фарҳанги ниёгон мебошад

Ҷ.БАЛХӢ. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки сокинони маҳаллаи Комунистии ҷамоати деҳоти Халевард мулоқот роҳандозӣ гардид.

Мардуми маҳалла баргузории чунин чорабиниро бо хушнудӣ пазируфта, ҳамаҷониба барои роҳандозии он кӯшишу ғайрат намуданд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ маҳал аз кашидадӯзиҳо, кандакорӣ, чӯбтарошӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва намудҳои гуногуни хӯрокҳои миллии сокинонро ташкил медод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубон  дар баромадаш атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, махсусан аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа андешаронӣ намуда, афзуд, ки ҳар қадар маънавиёти ҷомеа солим бошад, ҳамон андоза давлат ба пешравию муваффақиятҳо ноил мегардад. Айни замон гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба ифротисозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум машғуланд. Ҷомеаро лозим аст, ки ҷиҳати пешгирӣ аз таассубу хурофоти динӣ дар роҳи расидан ба шароити арзандаи зиндагӣ бо роҳи ваҳдату субот ва меҳнати софдилона анҷом додани амалҳои хайр ва неку созандаро шиори худ намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg