БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими Ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоламон-Тоҷикистон

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Лангар бо сокинону ҷавонон ва фаъолони ҳизб атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  вохӯрӣ доир  гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон дар бораи  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баргузори чорабиниҳои фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда,  иброз дошт, ки  бештари ҷамъомадагони чорабинии имрӯзаро  ҳунармандони номдору хушзавқи деҳа ташкил медиҳад. 

Баъдан Одиназода Муродалӣ вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  ба сухан баромада,  афзуд, ки ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ва бонангу  номуси кишвар мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg