БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Суҳбат дар атрофи мавзӯъҳои рӯзмарра ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот

ТЕМУРМАЛИК. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оиди ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо маҳал ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ бобати  баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  дар деҳаи Яккасадаи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси  ноҳияи Темурмалик вохӯрии нақшави кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинон баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот нахуст  хониши сиёсӣ дар  бораи самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вобаста ба сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, натиҷаҳои нахустин сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иштирок ва  ҳамкории бевоситаи вакилони ҷамоати номбурда  ва фаъолони деҳа гузаронида шуд.   Доир ба суханронии раиси  Раҷабзода Маҳмадсаид вакили ҷамоат  Ашӯров Тағай андешаронӣ кард.

Сипас, бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 70 нафар ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ташкил  карда  шуд.

Зимни  намоиш   аҳли    сокинони деҳаи Яккасада, дастовардҳои ҳунарии худ ва маҳсулотҳои кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд.Дар охири мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва намояндаи  ҷамоати деҳоти номбурда Саймаҳмуди Саймуҳиддин ба созмондиҳандагони намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg