БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзӣ бахши муҳимми аз фарҳанги миллии тоҷикон ба ҳисоб мераванд

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи Ғайратшо Давлатови ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо иштироки  раиси  Кумитаи иҷроияи Сатторова Мунаввара чорабинии фарҳангию сиёсӣ баргузор гардид. Дар он масъулин  қайд каранд, ки дар руҳияи мардум тақвият додани ҳунармандиву бунёдкорӣ, намоиши таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, анҷоми корҳои созандагиву созандагиву ободонӣ,  дар роҳи дуруст тарбия кардани насли наврас диққати махсусро равона намудан лозим аст.

Занони ҳунармандони ин деҳа чанд намуди пухтани хӯрокҳои миллиро нишон доданд, ки сифати олӣ дошта, намоишгоҳро  маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ҳусну таровати дигар бахшида буд.

Дар ин  намоишгоҳ барзгарону кишоварзони асили деҳа маҳсулоти  истеҳсолнамудаи хешро ба намоиш гузоштанд, ки ҳамагон аз меваҷоту сабзавоти тарзу тозаи  деҳқонон аз наздик дидан карда, ба онҳо барои боз ҳам рушд додани соҳа дар оянда муваффақият орзу карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg