БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзанда дорад

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбии «Равшан» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ роҳбари ташкилоти ибтидоии  ҳизбии «Равшан» Рустамов Баҳром ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳр Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар навбати худ Мунаввараи Бозоралӣ иброз дошт, ки сиёсати имурӯзаи Ҳукумати мамлакат  баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум, таъмини бехатарии амнияти шаҳрвандони кишвар, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина расидан ба ҳадафҳои стротегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Илова бар ин, Рустамов Баҳром гуфт, ки раванди имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки хеле тезу тунд ҷараён дорад, пешниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти об ба Созмони Милали  Муттаҳид ва аз ҷониби Дабири Кул бо дарки фаҳмиш пазируфтани ин пешниҳодҳо, гувоҳ аз он аст, ки Роҳбарияти Олии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзанда дошта, ки ин барои мо тоҷик боиси ифтихор мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg