БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиён ба ягон муқаддасот эмон надоранд

ВОКУНИШ. Чанд гуруҳаки ношиноси аз решаи нопоки наҳзатиҳо сарчашмагирифта акнун ба қавле эътилофу паймон карданд. Эътилофе, ки ҳатто хоҷагони хориҷиашон шарм доштанд онро ҷиддӣ бигиранд ва расман этироф кунанд. Ин бори дигар собит сохт, ки агар инсон ба хотири ғаразҳои шахсӣ дар хизмати хоҷагони бегона қарор гирифта, ба мазҳабу ватанфурӯшӣ ва хиёнат ба миллати хеш одат карда бошад, барои вай на танҳо Ватану миллат, ҳатто падару модар дигар ягон арзише надоранд. Наҳзатиён ба ҷои он ки аз кардаашон пушаймон шуда, чун дигарон ба Ватан баргашта, дар паҳлӯи падару модар ва аҳли оилаи худ осудоҳолона зиндагӣ ба сар баранду ба меҳнати ҳалолу созанда машғул шаванд, дар роҳи адои «қарзи фарзандхондагӣ»-и хеш дар назди «падарандарҳо»-и аҷнабиашон пайгирона бо усулҳои гуногун хиёнатро дар ҳаққи Ватану Миллат идома дода, акнун эъломияеро барои таъсиси кадом як созмони нав эълон намуданд ва дар дохили худ ба вазифатақсимкунӣ гузаштанд. Фикр мекунам, дар танҳоӣ худашон ҳатто ба ҳоли худу “мансаб”-ҳои навгирифтаашон механданд.

Тааҷҷубовар аст, ки имрӯз фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар асоси калимаҳои «имондорӣ» бо «озодандешӣ»  амалӣ мегардад. Ҳол он ки дар афкори динӣ ва сиёсии наҳзатиён озодандешӣ ҳамчун “куфр” бо беимонӣ муродиф аст. Бубинед, манфиатҳои ғаразнок, хиёнат ба Ватану миллат инсонро то ба куҷо мебарад! Худи ҳамин далел то ба чӣ андоза мазҳабу имонфурӯш будани ТЭТ ҲНИ-ро ошкор месозад. Яъне ин тоифа ба ягон арзиш эмони мустаҳкам надоранд. Мисли харҳое ҳастанд, ки ҳар ҷилеро ба рӯяшон пушонӣ рафтан мегиранд ва дар охир рӯи хоку лой худро ғел дода ҳатто ҷилашон аз шоҳиву атлас ҳам бошад билохира ифлос месозанд.

Ҳизби наҳзат як вақтҳо ҳаракати «Ансоруллоҳ»-ро низ ҳамчун як шуъбаи худ таъсис дода буд, вале имрӯз аз он зоҳиран канорагирӣ менамояд, гӯё ки “Ансоруллоҳ” дигар барои ТЭТ ҲНИ вуҷуд надошта бошад. Вале тибқи длалелу исботҳо «Ансоруллоҳ» бо сарварии Амриддин яке аз қанотҳои ТЭТ ҲНИ буда, барнома ва нақшаҳои онро иҷро мекунад. ТЭТ ҲНИ бошад бо сарварии хоҷагони бурунмарзии худ дар хизмати онҳо қарор дошта, бародарони угайи худро истифода мебаранд.

Cаркардагони ТЭТ ҲНИ дар тӯли мавҷудияташон даҳҳо миллион доллари хоҷагони хориҷиашонро аз худ карда, сарватманд шуданд, вале «орзуҳо»-и онҳоро барои амалӣ сохтани нақшаҳои геополиткиашон амалӣ карда натавониста, гирифтори ғазаби онҳо гардиданд. Мақсад ва мароми ТЭТ ҲНИ ва хоҷагонаш бадном сохтани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мебошад. Ҳадаф аз ин кӯшиши онҳо дар ягон шакли нав эҳё кардани ТЭТ ҲНИ бо ном «бародарони угаиашон» буда,  бо дасти он амалисозии нақшаҳои хоҷагони маблағгузорашон мебошад. Аслан амалҳои террористии дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ намудаашон ба нишон нарасида истодаанд. Ба мисол амали дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе бо сайёҳони хориҷӣ-меҳмонони Тоҷикистон содирнамудаашон мебошад. Бо ин амал онҳо мехостанд, ки кишвари моро, ки бо сулху осоиштагӣ дар миқёси ҷаҳон шӯҳратёр гаштааст, бадном кунанду дигар роҳи ворид шудани сайёҳҳони хориҷиро монеъ шаванд. Вале ҳайҳот тирашон ба нишон нахӯрд.

Сайёҳони хориҷӣ чӣ тавре ки ба кишвари мо меоманд, боз ҳам меоянд. Чунки дар Тоҷикистон ҳам сулҳу ваҳдат ҳасту ҳам кишварест бо мардуми меҳмоннавозу табиати нотакрору зебо.  

Ягона роҳи наҷоти М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба мисли Сатторов Аёмиддин аз карда пушаймон шуда, ба Ватан баргаштан асту, ба меҳнати ҳалол машғул шудан мебошад. Мардуми Тоҷикистон то ба имрӯз хиёнаткориҳои ТЭТ ҲНИ-ро фаромӯш накардаанд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон дигар ба бозиҳои лухтакии наҳзатиён дода намешаванд. Мо тарафдори сулҳу ободӣ ва ваҳдату истиқлолият мебошем.

Нуралиева Гулнора-узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg