
Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Идораи кишоварзӣ» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.
Вохӯриро мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи Ҳошимов Абдураҳим бо баррасии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии хӯроки чорво ва беталаф аз фасли зимистон баровардани чорво, ки яке аз самтҳои афзляитноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, андешаронӣ намуда, афзуд, ки анқариб 80%-и мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба кишоварзӣ, аз қабили зироаткорӣ ва чорводори машғул мебошанд.
Соли ҷорӣ ҳарчанд, ки ҳавои баҳорӣ номусоид ва ноқулай барои деҳқонон ва заҳматкашони ноҳияи мо омада буд, аммо кишоварзон ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳосили дилхоҳро ба даст оварданд илова кард дар идомаи суҳбаташ масъули ҳизб.