БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Волидайн медонанд, ки хизмати Ватан-Модар барои ҷавонон муқаддас аст!

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳо ин  навбат дар ташкилоти ибтидоии «Сипарони  Ватан»-и ноҳия хониши сиёсӣ дар мавзӯъи баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирии  воридшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои  экстремистию террористӣ   баргузор гардид. Дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, мубориза бо коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи имрӯза, сайқал додани касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳунару ҳунармандӣ,тарбияи дурусти фарзандон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ,  аз ин ҳисоб баланд бардоштани  сатҳи зиндагии сокинон,  дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки барои беҳбудии рӯзгори  мардум ва ободии Ватан равона карда шудааст, андешаронӣ карданд.

Дар охир  аз иштирокдорон, ки бештари онҳоро шахсони солманд ташкил медода даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандону пайвандони хешро барои сафарбар кардан ба хизмати  ҳарбӣ  даъват намоянд, чунки  адои хизмат қарзи шаҳрвандии ҳар як  ҷавонон баору номуси диёр аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg