БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи дурусти фазои иттилоотӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    ҷадвали  тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар  маҳаллаи  Арабхона 1-и   ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид. 

Вохӯриро  раиси    Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  ифтитоҳ  намуда,  қайд  кард, ки  имрӯзҳо дар  ҳама  гӯшаҳои  мухталифи  дунё воқеаҳо  ва  таҳаввулоте  дар  ҷараён аст, ки ба  раванди  таракқиёти  ҷомеа, аз  ҷумла  ба кишвари  мо  низ  бевосита  таъсир  мерасонад. Бинобар  ин ҳар як узви  ҷомеа ва  бахусус,  фаъолон, аъзо  ва  ҷонибдорони  ҳизбро зарур  аст, ки  тағйироту  дигаргуниҳоро мантиқи  арзёбӣ  карда, баҳои  воқеӣ  диҳанд ва дар  ин  замина фаъолияти  худро ба роҳ монанд. 

Ҳамчунин  оид  ба  масъалаҳои   пешгирии  шомилшавии  ҷавонон  ба ҳизбу  ҳаракатҳои  мамнуъ,  амалу кирдорҳои   номатлуби аъзои ТЭТ ҲНИ  ва   гурӯҳҳои   ҷиноятпешаи хоинони  давлату  миллат дар  хориҷикишвар  фаъолиятдошта, истифодаи  дурусти фазои  иттилоотӣ бо  мақсади  пешгирӣ  аз хатарҳои  марбут  ба   истифодаи  нодурусти  шабакаҳои иҷтимоӣ,  омодагӣ ва сафарбар   намудани   ҷавонони синни даъватӣ  барои  хизмат  дар  сафи  Артиши миллӣ андешаронӣ намуд.

Дар охир Алиева Сураё ба  саволу  дархостҳои  иштирокдорон ҷавобҳои  саҳеҳ гардонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg