БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Озмунҳои ҳизбӣ ҳунармандони беҳтаринро интизор аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизи Сабоҳат Тағойалӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гардид.

Зимнан Сабоҳат Азизӣ  дар назди ҷамъомадагон  аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сару либоси миллӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣғамалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ва озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои “Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал”,  “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, “Тарроҳи бехтарин”, Армуғони хатлонӣ”, “Маликаи Хатлон” андешаронӣ карда, занону бонувони ҳунарманди маҳалро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ ва дарёфти ҷоизаҳо даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg