
ФАРХОР. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳия баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиҷон Назаров дар назди ҳозирин дар бораи давра ба давра ҳал гардидани се ҳадафи асосии давлат-таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз сарбастагии коммуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, мавсуф дар ин раванд аз дастовардҳои беназири даврони истиқлолият дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати боз ҳам пешрафта гардидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз ва тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ раҳнамоӣ намуд.